Дарси кушод аз фанни фонетикаи забони форсӣ

Омӯзгори ҷавони кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Соҳибахон Муҳиддинова аз фанни фонетикаи забони форсӣ дарси кушоди амалӣ доир намуд.
Дарси мазкур ба мавзуи “Ё-и мақсура ва вови маъдула” бахшида шуд.
Дар доираи дарс донишҷӯён ба ду гуруҳ тақсим шуда, фаъолона ширкат намуданд.
Мавзуи нав аз ҷониби омӯзгор тариқи муаррифинома шарҳ дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар дарси кушод намоянда аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, декани факултет, мудир ва як қатор устодони кафедра иштирок карданд.
Пешниҳод гардид, ки дар нимсолаи дуюм дарси кушод тариқи онлайн ба роҳ монда шавад, то дигар омӯзгорон низ иштирок ва табодули таҷриба намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ