​Дарси кушод аз фанни фонетикаи амалӣ

Аз тарафи омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Зоидова Таҳмина дарси кушод доир гардид. Ин иқдом аз фанни фонетикаи амалӣ дар мавзӯи “Оҳанги суханони муаллиф” бо донишҷӯёни курси якум ба роҳ монда шуд.

Дарс дар дараҷаи хуби илмӣ-методӣ гузаронида шуда, дар доираи он воситаҳои муосири техникӣ, тахтаи электронӣ, коркардҳои дастӣ, ба монанди варақаҳо ва дигар аёниятҳои муосир васеъ истифода шуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом ташаккул додани малака ва маҳорати таллафуз ва шунавоӣ унвон мешавад..

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ