​Дарси кушод аз фанни диншиносӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ силсилаи дарсҳои кушод роҳандозӣ мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сифати таҳсилот унвон мешавад.

Ин навбат чунин дарси кушодро омӯзгор Ҷӯраев Манучеҳр аз фанни диншиносӣ доир намуд. Дарси кушод бо донишҷӯёни соли дуюми факултети санъати тасвирӣ ва технология ҷараён гирифта, дар он муовини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ дотсент Замира Сатторова, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Бердишукуров Абдунаим ва дигар омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

Дар доираи дарс мавзӯи «Шариат ва моҳияти иҷтимоии он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дарс дар сатҳи шоиста ба роҳ монда шуда, аз ҷониби омӯзгор аёниятҳои муосир, усули фаъоли таълими ва техникаҳои иттилоотӣ истифода шуд.

Афзалияти дарс дар он аст, ки аз ҷониби омӯзгор фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардида, донишҷӯён дар раванди дарс хеле фаъолона иштирок карданд.

Дотсент Бердишукуров Абдунаим бо натиҷагирӣ аз дарси кушод зикр кард, ки дарси муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҷӯраев Манучеҳр, ки ба яке аз мавзуъҳои актуалии замони муосир бахшида шуда буд, дар сатҳи хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи мактаби олӣ ташкил ва гузаронида шуд.

“Мавзуъ дар дафтари гурӯҳ тибқи барномаи корӣ ва таълимӣ қайд карда шуд. Қисми ташкилии дарс низ мутобиқи низомномаи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуд. Дар раванди дарси лексионӣ аз васоити техникӣ васеъ истифода бурда шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат намуда, мавзӯи дарсро ҷолибу хотирмон намуд. Бо баробари мавҷудияти матни лексия омӯзгор тамоман ба он пойбанд набуда, озодона мавзӯъро таҳлил намуд. Зимни баёни мавзӯъ пайдарҳамии мантиқии фикрронӣ, маданияти нутқи омӯзгор, дараҷаи кофии илмӣ, маҳорати ҷалб намудани диққати донишҷӯ ба дарс ҷолиби диққат буд” – таъкид намуд мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ.

Замира Сатторова, намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот таъкид намуд, ки дарс ба талабот ҷавобгӯ буда, аз нигоҳи сифати таҳсилот сазовори баҳои баланд аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

и ещё 6

971

Охват (люди)

215

Взаимодействия

Продвигать публикацию

3131

Комментарии: 1

Поделились: 3

Нравится

Комментировать

Поделиться

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ