​Дарси кушод аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ”

Аз ҷониби муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Раҷабова Саодат дарси кушод доир шуд.

Дарси мазкур аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ” дар мавзуи “Travelling” (Саёҳат) баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни дарс методҳои гуногуни таълим ВТТ, коркардҳои дастӣ, маводи иловагӣ ва аёниятҳои муосир, аз қабили доскаи электронӣ, компютер, проектор, баландгӯяк ва тахтаи электронӣ истифода шуданд.

Мақсади асосии дарс дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули салоҳияти фарҳангӣ-забонии онҳо маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ