​Дарси кушод: Ҷанги садсола ва оқибатҳои он

Дирӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ дарси кушоди сармуаллимаи кафедраи таърихи умумӣ Насринисо Рофиева аз фанни таърихи асрҳои миёна дар мавзуи “Ҷанги садсола ва оқибатҳои он” тариқи платформаи Zoom баргузор гардид. Дар ҷараёни машғулият раёсатидонишгоҳ, садоратифакултетҳо тариқи платформаи Zoom иштирок намуданд.

Дарси маҷозӣ боистифода аз усулҳои фаъоли таълим, маводи дидактикӣ, бозиҳои таърихӣ, аёниятҳову расмҳо, харитаҳо, муаррифии фаннӣ ва тахтаи электронӣҷараён гирифта, истифодаи аёниятҳои гуногун таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро нисбати мавзуъ бештар менамуд. Аёниятҳои истифодашуда ба мундариҷаи мавзуъ нигаронида шуда буд.

Омӯзгор тавонист бо усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи педагогии худ мазмуни асоси дарсро ба донишҷӯён фаҳмонад. Дар идома миёни донишҷӯён доири мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирфит.

Дар ҷараёни дарси онлайнӣ ба донишҷӯён навор аз ҳаёти Жанна Дарк намоиш дода шуда, ҳамзамон он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар интиҳо намояндагои садоратифакултетҳо ва раёсатидонишгоҳ фикру пешниҳодҳои худро доири машғулияти мавриди назар иброз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин ибтикорот дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ