​Дарси кушод: Ҳалли мисол ва масъалаҳо бо усули Крамер

Имрӯзҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияҳои муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ётааст. Дар ин замина санаи 4 ноябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Эҳсонхон Ризоев - сармуаллими кафедраи алгебра ва геометрия дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Ҳалли мисол ва масъалаҳо бо усули Крамер” гузаронида шуд. Устод дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва слайдҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзӯъро фаҳмонд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён дар самти илмҳои дақиқ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ