​Дарси кушод: 90 сол баҳри рушд

Аз фанни “Методикаи таълими адабиёти рус” дар факултети филологияи рус дарси кушод доир гардид. Ин ташаббус дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Ин иқдом аз тарафи ассисенти кафедраиметодикаи таълими забон ва адабиёти рус Дӯсматова Меҳриҷон бо ҷалби донишҷӯёни курси сеюм роҳандозӣ гардид.

Дарс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар доираи он аз ҷониби омӯзгор аз таърихи таъсиси донишгоҳ маълумот манзур гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён оид ба дастовардҳои равандҳои фаъолияти донишгоҳ ибрози назар намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба таърихи таъсис, ташаккул ва рушди донишгоҳ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ