​Дарс-конференсия: “Продвижение дошкольного образования”

Бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ аз ҷониби муаллимаи ҷавони кафедра Исматова дарс-конференсия доир гардид.

Дарс-конференсияи мазкур бори аввал роҳандозӣ гардида, аз фанни педагогикаи томактабӣ ташкил шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом дар партави татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 ва “Барномаи давлатии таклим таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030” ба роҳ монда шуд.

Ба дарси мазкур донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ ҷалб гардида, ба мавзуи “Продвижение дошкольного образования” бахшида шуд.

Дарс-конференсия бо забони русӣ ва истифодаи усулҳои нави фаъоли таълим баргузор гардид. Дар дарс-конференсия доскаи электронӣ, муаррифӣ, айёният, қонуну барномаҳо дар шакли буклет, дастурҳои таълимӣ ва методи самаранок истифода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ