Дар меҳмонии афсона

Ин навбат маҳфили илмии «Дар меҳмонии афсона», ки дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус амал мекунад, ба 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд.

Маҳфилро декани факултет дотсент Рабиев Сатторбердӣ ифтитоҳ намуда, ҳадафи ин ташаббусро шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Каримова Мукаддас ва аъзои маҳфили«Руссое слово» лоиҳаи «Тамошои филми тасвирии «Ғизоли тиллоӣ» (Золотая антилопа) барои фарзандони омӯзгорони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсусба роҳ монда шуд.

Ҳадафи лоиҳа бедор кардани ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши афсонаву филмҳои тасвирӣ (давраҳои гуногуни таърихӣ) ва таблиғи он дар Тоҷикистон, ташаккули масъулият ва такмили салоҳияти коммуникатсионии кўдакон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ