​Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...

Дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз тарафи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 3-юми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология”-и факултети санъати тасвирӣ ва технология чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...” баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон ва кормандони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ва намоянда аз раёсати донишгоҳ иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси бонувони факултет сармуаллима Муяссар Темирова ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки эҳтиром ба калонсолон аз анъанаҳои наҷиби қадимии халқи тоҷик аст.

Сипас, дотсент Саидмаҳмад Олов ба сухан баромада перомуни одобу ахлоқи ҷавонон ибрози назар кард. Гуфта шуд, ки эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани хурдсолон аз одоби шарқиёна ба шумор рафта, дуруст ба роҳ мондани муносибат, аз ҷой хестан, ба касе ҷойи нишаст додан одатҳое мебошанд, ки эҳтироми ҷавононро нисбати калонсолон ифода мекунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет саҳнаҳои тарбиявӣ ва шеъру сурудҳои ҷолиб пешкаш гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ