Чорабиниҳои судманд: аз озмун-викторина то мизи мудаввар
Давоми ҳафтаи гузашта дар факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои гуногун доир гардиданд.
Аз ҷумла, дар факултети математика як қатор иқдомии судманд роҳандозӣ шуданд. Дар доираи ҳафтаи илм бо ташаббуси кафедраи алгебра ва геометрия озмун-викторинаи «Кӣ беҳтарин», маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Вектор», рӯзи сиёсӣ доир ба шарҳи нуктаҳои Паём, дар кафедраиметодикаитаълими математика ва технологияи иттилоотӣ семинари намунавии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истифодаи моделсозии компютерӣ барои таъмини муносибати босалоҳият дар раванди таълими технологияи иттилоотӣ”, бо иқдоми кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов семинари назариявӣ (илмӣ методӣ)-инамунавӣ баргузор шуданд.
Мувофиқи Низомнома оид ба таҷрибаомӯзии педагогиимуассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таълимии курси 4-уми ихтисоси «математикаи амалӣ» барои гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ 13 нафар донишҷӯён ба Гимназияи №4 -итаълимии шаҳри Хуҷанд ба фиристода шуданд.
Дар факултети физикаю техника низ ҳафтаи илм оғоз гардида, дар толори даромадгоҳи факултет намоиши китобҳои дарсӣ, монография, дастурҳои таълимӣ ва дастовардҳо ташкил ва семенари илмӣ-назариявии устодон ва донишҷӯён доир шуд.
Таҳти унвони “Мақому манзалати зан дар Паёми Пешвои миллат” дар факултети забонҳои вохӯрӣ, дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ оид ба омӯзиш ва мавриди баррасӣқарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2022 №1920 “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳравндон” мизи мудаввар ва дар факултети тањсилоти ибтидої ва педагогикаи махсус љаласаи волидони донишљўён гузаронида шуданд.
Ҳадаф аз ин ибтикорот баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ, таъмини рушди равандҳои фаъолият унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил