​Чорабинии тарбиявӣ: Оилаи солим - ҷомеаи солим

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Муқаддас Назарова дар хобгоҳи рақами №1 чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оилаи солим - ҷомеаи солим” бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 204 факултети математика баргузор гардид.

Чорабиниро Муқаддас Назарова ифтитоҳ бахшида, перомуни таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбати оила ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки оила муқаддас аст ва он пойгоҳи мустаҳками давлат мебошад. Дар оилае, ки ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад, онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони банонагу номус ва худшинос барои ватани худ хидмати арзанда хоҳанд кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки волидонро зарур аст, дар тарбияи дурусти фарзандон ва ба камол расонидани онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Зимнан иштирокчиён атрофи мавзуъҳои мустаҳкамии оилаҳо, мушкилоти оилавӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз вайроншавӣ баромад карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ азтарафидонишҷӯёнифакултетиматематика саҳначаҳоитарбиявӣ вашеъругуфторҳо дар мавзуҳоиВатан,модар, оила қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ