​Чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ чорабинии тарбиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур устодони факултет ва намоянда аз маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд, мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва эпидемиологияи донишкадаи таҳсилотии баъд аз дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд Ҷӯраев Қобилҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур бо тамошои видеоролик ва баромади пурмуҳтавои масъулин оғоз гардид. Баъдан, байни меҳмонон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ба ҳамаи саволҳои додаи худ аз ҷониби намояндаи маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд посух гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ