Чорабинии тантанавии соли навӣ дар хобгоҳи донишҷӯён
Бахшида ба Соли нави мелодӣ дар хобгоҳи писаронаи №9 чорабинии тарбиявӣ фарҳангӣ бо иштирокит васеи устодону донишҷӯён гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Маҳмудзода Бахтиёр табрикоти ректори Донишгоҳро ба самъи ииштирокдорон расонид. Мавсуф афзуд, ки соли 2023 таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ҳамчун соли пурфайз ва ободиву созандагиҳо дар саҳфаи давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуд, ки боиси ифтихори ватандории ҳар сокини кишвар мебошад.
Чорабинӣ бо риояи унсурҳои хоси солинавӣ, арчаи бо бозичаҳо ороста шуда, иштироки қаҳрамонҳои афсонавии Бобои барфӣ ва Барфак ҷараён гирифт.
Шеъру сурудхонӣ, чистонгӯӣ ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ аз бозиҳои дилхушкунандае буд, табъи иштирокдоронро болида намуд. Аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ-тарбиявӣ ва дилхушкунанда манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳои тадбири идона аз тарафи намояндаи кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи раёсати донишгоҳ Каримҷон Иброҳимов ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо ва ба донишҷӯёни ятиму маъюб туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ чунин амалҳои хайрба таври доимӣ амалӣ хоҳад гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил