ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА ЁДБУДИ УИЛЯМ ШЕКСПИР

Дар факултети филологияи ӯзбек дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба муносибати ҷашни ёдбуди нобиғаи ҷаҳонӣ Уилям Шекспир чорабинии илмӣ-адабӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор шуд.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни ихтисоси забони хориҷӣ перомуни зиндагӣ ва мероси адабии Шекспир бо се забон маърӯза карданд. Зимни баромадҳо таҳлили осори нависанда, мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон, ғояҳои башардӯстона ва таъсири эҷодиёташ ба тафаккури инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиён аз асарҳои Шекспир порчаҳо қироат намуда, дар байни онҳо саволу ҷавоб ва бозиҳои шавқовар низ баргузор гардиданд, ки дар натиҷа ба фаъолон ифтихорномаҳо тақдим шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ