​Чорабинии фарҳангӣ дар факултети санъат

Бахшида ба 30 юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии донишгоҳ ва пешвози Соли нави мелодӣ дар факултети санъат чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки васеи устодону доишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет Гулчеҳра Шарипова оғоз бахшида, соли 2022-ро барои ҷомеи меҳнатии факултет соли таърихиву пурбарор унвон кард. Зикр шуд, ки соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон онро таҷлил менамоянд ва ин солшуморӣ аз дувоздаҳ моҳ иборат мебошад.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаҳои рангин, саҳначаҳои тарбиявӣ-ҳаҷвӣ пешкаш карда шуд, ки дар он риояи унсурҳои хоси солинавӣ, арчаи ороста шуда, бо иштироки қаҳрамонҳои афсонави Бобои барфӣ ва Барфак ҷараён гирифт.

Ҳамзамон қироати шеъру суруд дар васфи ватан, соли нав ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ идомаи тадбири имрӯза буд.

Дар фарҷом донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаҳои садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ