​Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Субҳи имрӯз дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи омӯзг ва бузургдошти Рӯзи Мавлоно чорабинии фарҳангӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет профессор Замирахон Улмасзода баромад намуда, доир ба мавқеи устод дар осори Мавлоно ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки дар эҷодиёти Мавлоно ва даҳҳо мутафаккирони дигари тоҷик тараннуми ақлу хирад ва илму дониш зиёд ба чашм мерасад. Таъкид рафт, ки Мавлоно инсонро ба илмомӯзӣ ва татбиқи амалии он даъват мекунад.

Сипас донишҷӯён перомуни мавзуи баррасишуда порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуда, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ