​Чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Соли нав

Дар факултети забонҳои шарқ ба муносибати Соли нави мелодӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ин иқдомро масъулини кафедраи забони англисӣ ба роҳ монданд.

Декани факултет дотсент Ислом Раҳимов ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, ҷомеаи меҳнатиро табрик гуфт.

Номбурда аз дастоварди устодону донишҷӯён давоми соли равон таъкид дошта, изҳори умед намуд, ки дар соли нав музаффариятҳои арзандаву шоистатар насиби ҷомеаи меҳнатӣ мегардад.

Донишҷӯён бо барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ва сурудҳои шуниданӣ манзур доштанд.

Дар фарҷом як қатор донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ