Чорабинии ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар"
Бахшида ба 31 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзони факултети тарбияи ҷисмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии мушовири ихтисос Даврон Бойматов бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд чорабинии ҳарбӣ-варзишии таҳти унвони "Ватанпарвар" ташкил ва баргузор намуданд.
Зимни чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ хонандагон бо роҳбарии таҷрибаомӯзон, омӯзгори пуртаҷрибаи фанни омодагии дифои ҳарбӣ гимназия Қаҳҳорхон Алиев аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, маҳорати омодагӣ ва донишҳои омўхтаи ҳарбии хешро дар амал нишон доданд.
Иттилоъ дода шуд, дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар толибилмон ширкат варзида, аз рӯи намуди рӯзномаи деворӣ, фаъолияти қумандон, сафороӣ, вазнкашӣ, ба дарозӣ ҷаҳидан, ёрии аввалияи тиббӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат байни ҳам рақобат намуданд.
Дар иҷрои ҳар амал барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа доварон ба иштирокчиён холгузорӣ намуда, ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи муҳассилин баҳои баланд доданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, омода кардани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодагии онҳо баҳри марзу буми кишвар маънидод гардид.
Иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил