Чорабинӣ: мубориза бо бемориҳои сироятӣ шарҳ дода шуд
Имрӯз, санаи 1 декабр дар факултети математика бахшида ба рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди вируси масъунияти бадани одам чорабинӣ доир шуд. Ин иқдом бо ташабуси кафедраи алгебра ва геометрия баргузор гардид, ки дар он аз шуъбаи тарбияи донишгоҳ намояндагон ширкат намуданд.
Дар чорабинии мазкур сармуллими кафедраи алгебра ва геометрия Миршоев Абдушаҳид перомуни мавзӯи мавриди назар маърӯза намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 соларо ташкил медиханд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар одамон ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят ёфтаанд, қи аз онҳо 20 миллион нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.
Ҳамзамон, роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ шарҳ дода шуд, то хатари дучоршавӣ коҳиш ёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил