​Чорабинӣ: Иҷлосияи тақдирсоз

Дар факултети физикаю техника таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” чорабинӣ доир шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика ва кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён ба муносибати солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии мазкур иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов Ғаффорхон, декани факултет Абдумалик Қаюмзода, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Абдуҳаким Шарипов, мудири кафедраи методикаи таълими физика Пайравҷон Иброҳимов ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Дилрабо Юнусова ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Декани факултет иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрик намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд.

“16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид”- зикр шуд зимни чорабинӣ.

Дар идома иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов Ғаффорхон оид ба мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Ҳамзамон, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Абдуҳаким Шарипов низ суханронӣ намуда, аз аҳамияти баргузории ин воқеаи сарнавиштсоз таъкид намуд.

Бо суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов Ғаффорхон чорабинӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ