​Чорабинӣ: аз ироаи маърӯза то шеъру саҳнаҳои пурмазмун

Бо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо факултети забонҳои хориҷӣ ба муносибати 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо иқдоми омӯзгорони ҷавон Ғаниева Фарзона ва Ахмедова Манижа дар хобгоҳи №1 бо ҷалби донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси забони англисӣ ба роҳ монда шуд.

Омӯзгори ҷавон Ғаниева Фарзона ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эҳёи давлати навини тоҷикон ибрози назар намуд.
Дар идома омӯзгор Ахмедова Манижа зикр намуд, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат худ ин як мактаби бузурги давлатдорист.

Таъкид гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли истиқлол дар рушду нумӯи Тоҷикистон ниҳоят бузург аст.

Донишҷӯён зимни баромади худ қайд карданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқу миллати тоҷик самараи нек дода, Тоҷикистони навин маҳз бо сарварии шахсияти барҷастаи таърихӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳву парокандашавӣ раҳоӣ ёфта, ба як кишвари ободу зебо, пойдору устувор ва тинҷу ором табдил ёфт.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён дар бораи таърихи таъсис ва рушди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маълумот ироа гардид.

"Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз ба сифати маркази тавонои илмиву таълимӣ ва махзани муҳташами илму ирфон ҷиҳати тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари азизамон рисолати аслӣ ва таърихии худро ба сомон расонида меояд" - гуфта шуд дар чорабинӣ.
Қироати шеър, саҳнаҳои пурмазмун, суруд ва рақс дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни дигар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ