​Чорабинӣ: "Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан"

Дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур иштирокчиёни ҷанги байналмилалӣ дар Авғонистон Рофиев ва Хоҷаев иштирок намуданд.

Меҳмонони чорабинӣ ба донишҷӯён оид ба пуршараф будани хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун қарзи ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди синни даъватӣ таъкид доштанд.

Гуфта шуд, ки эҳтироми Ватан баробар ба эҳтироми Модар аст ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард мактаби мардонагию ҷасорат ва қарзи шаҳрвандист.

Дар рафти чорабинӣдонишҷӯён дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон шеъру сурудҳо қироат намуда, саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон, дар кафедраи забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюм оир ба мавзӯи “Ҳифзи ватан -вазифаи ҳар як шарҳванд” бо полковник Хоҷаев Ҷаъфархон ва Ҷамолов Ашӯр мулоқот доир шуд.

Қайд гардид, ки Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мебарад. Артиш дар таърихи давлатдорию кишваркушоиҳои бесобиқаи шоҳони таърихӣ ҳамчун омили ба даст даровардани сарзамину мояи васеъ намудани ҳудуди ҳукмронии салтантхоҳони замон ва ҳимоят аз таъсири қувваҳои харобиовари берунавау дохила эътироф гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ