Чорабиниҳои тарбиявии донишҷўёни таҷрибаомўз

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паёми худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар факултет ташкил ва баргузории чорабиниҳо тибқи нақша идома дорад.

Санаи 22-уми ноябри соли равон дар МТМУ №22 шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии сармуаллимаи кафедраи педагогикаи касбӣ ва иҷтимоӣ Ҳоҷиева М.Р. ва таҷрибаомўзони курсҳои чоруми шуъбаи рўзона чорабинии тарбиявӣ дар мавзўи «Ҳунаромўзӣ ва аҳамияти он дар тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ» (бо иштироки хонандагони синфи 2) гузаронида шуд.

Санаи 7-уми декабр дар муассисаи таълимии № 7-и шаҳри Хуҷанд ба номи Низомии Ганҷавӣ бо ташаббуси донишҷўёни таҷрибаомўзи курси чоруми шуъбаи рўзона (роҳбар ,мушовир- сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Ризоева Р.) чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Паррандагон дўстони болдори мо” баргузор гардид, ки ба ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд, ки дар он намоиши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ низ ҷой дошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ