"Чакомаи гесӯ": ғолибон муайян шуданд.
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 24.01.2019, таҳти №26 «Дар бораи баргузории Фестивал-озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ» санаи 11-уми феврали соли 2019 дар Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Чакомаи гесӯ” бо иштироки донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.
Фестивали мазкурро ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода ҶамшедҲабибулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба тарбияи ахлоқиву маънавӣ, зебоипарастӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва амсоли ин бетаъсир нахоҳад буд.
Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” дар се бахш гузаронида шуд, ки дар он беш аз 80 нафар гулдухтарони донишгоҳ ширкат варзиданд. Яке аз шартҳои он ороиш ва мӯйбофии қадима, намоиш додани ҳунари волои машшотаҳо, дар доираи расму оинҳои миллӣ саршӯёну арӯсбарон, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ бо либосҳои хоси маҳал ва амсоли инҳоро ташкил дод.
Донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ маҳорати баланди худро нишон доданд, ки дар натиҷа, ҷойи аввал насиби Атабаева Мутриба - донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва иқтисодиёти бозор, ҷойи дуюм Мирбобоева Хушнура – донишҷӯи факултети филологияи рус ва Икромова Саидабону ба ҷойи сеюм аз факултети забонҳои шарқ муваффақ гардиданд.
Шарти дигари озмун, ки ба олами афсона ва зебоӣ шабоҳат дошт, ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо истифода аз фалак, шашмақом, бадеҳахонӣ пешкаши ҳамагон гардид, ки дар он ҷойи аввал насиби Ғафурова Парвина - донишҷӯи курси аввали факултети таърих ва ҳуқуқ, ҷойи дуюм Ризақулова Умеда -донишҷӯи курси 1-уми факултети математика ва Қурбонзода Шаҳноза ба ҷойи 3-юм аз факултети тарбияи ҷисмонӣ сазовор гардиданд.
Шарти сеюм фарогири ороиш ва мӯйбофии замони муосир буда, дар иҷрои ин шарт ороиши мӯй ба тарзи замонавӣ бо либосҳои хоси миллии замонавӣ сурат гирифт. Дар он Эшмуродова Мадина -донишҷӯи соли дуюми факултети геоэкология сазовори ҷойи аввал, Комилова Манзура -донишҷӯи соли дуюми факултети телекоммуникатсия ва ТИ ба ҷойи дуюм ва донишҷӯи соли сеюми факултети биология ва химия Шамсия Муҳаббат ба ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Умуман, дар Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” донишҷӯи соли дуюми факултети забонҳои хориҷӣ Файзуллоева Шукрона - сазовори Шоҳҷоизаи фестивал-озмун гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил