​Чеҳраҳои мондагор дар оинаи тамаддуни ҷаҳон

Дар факултети иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор дар оинаи тамаддуни ҷаҳон” маҳфили илмӣ баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Нуриддинова Манзура маҳфилро ифтитоҳ бахшида, дар бораи аҳаммияти таҷлили ин санаи муҳим таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз анҷом додаанд.

Мудири кафедраи молия ва андоз Мамадов. дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Дар идома моҳият, мундариҷа ва мӯҳтавои китоби тозанашри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор”-ро меҳмони маҳфил дотсент Саидумрон Саидов шарҳ дод.

Хотиррасон менамоем, ки дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ