“Чашми ҷон”: арҷгузорӣ ба хидмати мондагори Рӯдакиву Мавлоно
Дар факултети забонҳои шарқ аз тарафи устоди кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ профессор Низомиддин Муродӣ маҳфили “Чашми ҷон” баргузор гардид. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи Рӯдакиву Мавлоно роҳандозӣ шуд.
Профессор Низомиддин Муродӣ тариқи муаррифинома доир ба зиндагӣ ва осори гаронбаҳои Рӯдакиву Мавлоно маърӯзаи пурмуҳтаво манзур намуд.
Ҳамзамон, миёни донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт, ки ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.
Мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Тӯраева Гулорохон ҳадаф аз маҳфили мазкурро таҳкими маърифати донишӯён, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳӣ, гиромидошти хидмати мондагори Рӯдакиву Мавлоно унвон намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил