Бунёди давлати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад

“Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ-миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”- ибрози ақида намуданд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000-ум ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба ҳукми анъана даромадааст. Дар он ҳамаи самтҳои давлатдорӣ аз он ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дохиливу хориҷӣ маълумотҳои оморӣ дода мешаванд.

Ҳисоботи Сарвари давлат дар панҷ соли охир на танҳо дар рушди соҳаи маориф ва соҳаи тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо карда шуд. Агар то соли 1991, дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар Паём ироа гардид, ки ба кӯдакони ятим ва маъюбон, шаҳрвандони камбизоат кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохта шавад. Ин нишондод боиси паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба назар мерасад. Яке аз ғамхории Пешвои миллат дар соҳаи маориф ин сармоягузорӣ дар рушди нерӯи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳим чораҳои зарурӣ андешанд. Пешрафти давлату давлатдорӣ, ободии диёри азиз, аз сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Зеро, бесадодии мардум ба бесарусомонӣ, хурофотпарастӣ оварда мерасонад, ки ин боиси пастравии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар ин самт бояд соҳаи маориф баҳри баланд бардонтани маърифати шаҳрвандӣ, саводнокии онон дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошанд.

Ба Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифагузорӣ карда шуд, ки боҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барномаҳои касбу ҳунарҳои муосир ҷорӣ намоянд. Баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Қурбонова М.У – сармуаллимаи кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ