Брейншторм: Интернет - дастовард ё хатар?

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Гаджетҳои муосири телекоммуникатсионӣ ва Интернет: дастовард ё хатар” брейншторм доир гардид. Ин иқдом дар доираи ҳафтаи илм ба роҳ монда шуд.

Брейншторм аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хаёмиддин Исмоилов роҳбарӣ шуда, дар он донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва факултети математика дар ду гуруҳ иштирок намуданд.

Зимни ҷараёни ин ташаббус аз ҷониби дастаи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дастовард, ҷиҳати мусбии интернет ва аз тарафи донишҷӯёни факултети математика хатарҳои гаджетҳои муосири телекоммуникатсионӣ ва Интернет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиён перомуни мавзӯи меҳварӣ андешаи худро иброз намуда, байни ҳам табодули афкор намуданд.

Иқдоми мазкур ҷолиб сурат гирифта, пешниҳод гардид, ки дар ин самт маҳфили тоза таъсис дода шуда, минбаъд чунин ибтикорот дар доираи он роҳандозӣ гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ