​Бозии интелектуалии «Заковат»

Дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ бозии интеллектуалии «Заковат» гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки ташаббуси мазкур бахшида ба ҳафтаи илм ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуд.

Ҳадаф аз ташкили чунин бозии интеллектуалӣ баланд бардоштанисатҳи шуурнокии донишҷӯён дар масъалаҳои гуногуни амалӣ, бархурдор гардидан аз роҳу усулҳои муосири таълим, сайқал додани донишу маҳорати донишҷӯён унвон шуд.

Донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, ки ғолиб ва фаъолон дар маросими ҷамъбасти ҳафтаи илм қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ