​Боздиди таҷрибаомӯзон аз ҶДММ “Ҷавонӣ”

Донишҷӯёни соли дуюми факултети иқтисодӣ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ доранд.

Таҷрибаомӯзии ин гуруҳи донишҷӯён таълимӣ буда, қисми асосии ин раванд дар назди кафедраҳои тахассусӣ идома дорад.

Бо ташаббуси мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ дотсент Назирҷон Пӯлотов ҷиҳати таҳкими сатҳи маълумотнокӣ ва донишу тасаввуроти тахассусии донишҷӯён гуруҳи таҷрибаомӯзон аз ҳисоби донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ ва маркетинг таҳти роҳбарии дотсент Қодирова Гавҳар аз ҶДММ “Ҷавонӣ” боздид намуданд.

Донишҷӯёнро бо раванди истеҳсолот ва фаъолияти корхона масъулини шуъбаи кадрҳои корхона ва мутахассиси соҳа шинос намуданд.

Дар доираи ин иқдом таҷрибаомӯзон аз оғози раванди истеҳсолот, яъне коркарди пахта то омода гардидани маҳсулоти тайёрро шинос шуда, сатҳи огоҳии худро тавсеа бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ