Боздиди Ректор аз факултетҳои донишгоҳ
Рӯзи гузашта ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом аз факултетҳои донишгоҳ дидан намуд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати огоҳ шудан аз вазъи ҷараёни таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳандозӣ гардид.
Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус ректори донишгоҳ аз 8 факултети биноҳои таълимии №1 ва №2 – и донишгоҳ боздид намуд.
Профессор Усмонзода Аюб бо устодону донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, доир ба шароити корӣ ва таҳсилу тадрис пурсон шуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва мусоид ба ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини донишгоҳ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.
Баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи таълим, таҳкими фаъолияти илмии устодон, тавсеа бахшидан ба иқтидори илмии донишгоҳ, таъмини давомоти донишҷӯён, ҷалби ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими нуфузи донишгоҳ аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки роҳбарияти донишгоҳ зимни мулоқот бо устодону донишҷӯён таъкид кард.
Ректори донишгоҳ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зикр намуда, супоришҳои Роҳбари олии мамлакатро ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф ба устодону донишҷӯён хотиррасон намуд.
Гуфта шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар донишгоҳ минбаъд низ ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ мешавад.
Дар идома, вазифагузориҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд оид ба таъмини пешрафти фаъолият ва истифодаи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни дарс ҳини суҳбати ректори донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хотиррасон мекунем, ки ташаббуси мазкур идома ёфта, дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил