​Боздид аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров

Бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисосҳои «Аудит ва ревизия», «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит»-и факултети иқтисодӣ таҳти сарварии декани факултет дотсент Манзура Нуриддинова аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.

Роҳбарияти осорхона ба донишҷӯён оиди ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, ибрози назар намуда, арз доштанд, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ихтисос дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида соли 1998 бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров кушода шудааст.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён доир ба фаъолият ва теъдоди осорхонаҳои кишвар ва рушди ин соҳа маълумот дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ