​Боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Беҳдошти сифати таълим омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонӣ, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад.

Вобаста ба ин дар моҳи январи соли равон бо ташаббуси сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ Манзура Ҷумаева дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо иштироки сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев, декани факултети мазкур Сатторбердӣ Рабиев ва ҳайати моӯзгорон дарси кушоди намунавӣ ташкил ва баргузор гардид.

Сармуаллим Манзура Ҷумаева бо омодагии хуб ба дарс ворид гардида, моҳият, мазмун ва мундариҷаи мавзӯи “Праздники отдых” (питание и пища) – ро амалан ба донишҷӯён ошно сохт. Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзӯи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти муошират ба донишҷӯён фаҳмонда шуд.

Бояд гуфт, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулият аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуда, машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Дарс бо риояи талаботҳо шавқовару пурмазмун ва аз ҷиҳати таълимӣ - методӣ хуб ташкил карда шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ