​Бобоҷон Ғафуров – поягузори илми таърихнигории тоҷик дар асри XX

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров доир шуда, дар кори он роҳбарият, масъулини раёсати донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва ходимони ҷамъиятию сиёсӣ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро гиромидошти хотироти аллома Бобоҷон Ғафуров ва арҷгузорӣ ба хидмати мондагори ин фарзонафарзанди миллат унвон намуд.

Перомуни мавзӯи “Ташаккули мактаби ғафуровшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маърӯзаи профессор Ҷамшед Ҷӯразода ироа гардида, дар доираи он саҳми олимони донишгоҳ дар рушди яке аз равияи муҳими илми таърихнигории тоҷик - ғафуровшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ зимни суханронӣ дар бораи нақш ва саҳми академик Бобоҷон Ғафуров таъкид намуда, аз хидматҳои муассири мавсуф хотиррасон гардид.

Гуфта шуд, ки дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ҷиҳати муаррифии таърихи миллати тоҷик сарф намудааст.

Таъкид гардид, ки академик Бобоҷон Ғафуров солҳои тӯлонӣ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул шуда, ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ ва яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

Роҳбари донишгоҳ дастрас шудани туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар арафаи таҷлил аз 30 – юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ва маросими навбатии ёдбуди Бобоҷон Ғафуров рамзи нек ва иқдоми оливу судманд унвон намуда, дар бораи аҳамият ва зарурияти мутолиаву омӯзиши ин китоби нодир ибрози назар намуд.

Доир ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии аллома Бобоҷон Ғафуров директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров Ҳошимзода Муқаддам маълумоти ҷолибу муфид ироа намуд.

Инчунин, аз ҷониби як қатор устодони донишгоҳ, аз ҷумла дотсентон -Ҷӯрабек Исоматдинов ва Шавкат Шарипов маърӯзаҳо шунида шуданд.

Бо табодули афкор ва музокира миёни иштирокчиён конфронси вилоятӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ