​Бинои таълимии факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус ба истифода дода шуд

Бинои таълимии факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз таъмири куллӣ дубора мавриди истифода қарор дода шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода зимни боздид ба сифати корҳои таъмир баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки шароити таҳсил пурра фароҳам оварда шуда, минбаъд низ ҷиҳати беҳтару хубтар гардидани шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус, ки аз се ошёна иборат аст, ба пуррагӣ таъмир шуда, оқибатҳои ҳодисаи нохуш – сӯхтор бартараф шуданд.

Бино ба маълумоти масъулини бахши иқтисодӣ ва молиявии донишгоҳ, боми бино аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ сохта шуда, дохили бинои таълимӣ тариқи ҳашари дастҷамъона аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишгоҳ фориғ аз соати кориву дарсӣ таъмир гардид, ки ҳамаи он аз таъсиси фаврии ситоди кории назди роҳбарияти донишгоҳ, фаъолияти якҷоя ва дарки баланди масъулиятшиносии ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи маърифат дарак медиҳад.

Ректори донишгоҳ дар доираи боздид дар машғулиятҳои дарсӣ иштирок намуда, ҷиҳати таъмини сифати таълим ва бо истифода аз шароити мусоид расидан ба натиҷаҳои назаррас масъулинро вазифадор ва донишҷӯёнро ҳидоят намуд. Профессор Усмонзода Аюб зимнан барои таваҷҷуҳ, дастгирии ҳамешагӣ ва саривақт бартарафсозии оқибатҳои сӯхтор ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипосмандӣ баён намуд.

Маврид ба таъкид аст, ки феълан барои фаъолияти омӯзгорон ва таҳсили донишҷӯён дар факултетҳои мавриди назар шароити зарурӣ муҳайё гардида, талаботҳои зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои муосири таълим таъмин шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ