Беҳтаринҳо сазовори ҷоиза ва стипендияи соҳаи кор бо ҷавонон гардиданд

Санаи 5 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор гардид.

Соли 2021 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, ки дар номинаи “самти рӯзноманигорӣ” Исмоилов Хайёмиддин Қамариддинович - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмун ва Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҳамчунин ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳимов Озод Давронович- донишҷӯи бахши 2 факултети геоэкология ва туризми ва Худоиқулзода Ноилбек - донишҷӯи бахши 4 факултети геоэкология ғолиби стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гардиданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ