​Беҳтарин донандаи забони русӣ

Дар факултети филологияи рус таҳти унвони «Беҳтарин донандаи забони русӣ» викторина доир гардид. Ин ташаббус ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ташкил шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар викторина донишҷӯёни курси 1 ва 2 иштирокнамуда, фаъолнокӣ нишон доданд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён мебошад, зеро дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Чумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои хориҷиро хуб медонанд, меафзояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ