​Беҳтарин донандаи “Тоҷикон дар оинаи таърих”

Бо ташаббуси садорати Китобхонаи илмии донишгоҳ миёни донишҷӯён озмуни “Беҳтарин донандаи “Тоҷикон дар оинаи таърих” гузаронида шуд.

Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва худшиносии ҷавонон роҳандозӣ гардид.

Донишҷӯён асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Тоҷикон дар оинаи таърих” – ро шарҳ дода, аз муҳтаво ва мазмуни китоб нақл карданд.

Мувофиқи қарори кумитаи тадорукоти озмун ҷойи якум ба Турсунов Ҷонибек - донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ, ҷойи дуюм ба Хӯҷамбердиев Фахриёр -донишҷӯи курси сеюми факултети геоэкология ва ҷойи сеюм ба Шодиева Шабнам - донишҷӯи факултети филологияи тоҷик насиб гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ