​Беҳтарин донандаи таърих

Донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи таҷрибаомӯзӣ миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ба номи Неъматҷон Бобоҷонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни “Беҳтарин донандаи таърих” доир карданд.

Ин ташаббус аз ҷониби донишҷӯёни соли панҷум, ки донишҳои назаривии худро дар амал татбиқ доранд, ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзон нахуст маърӯзаҳо ироа намуданд.

Ҳамзамон, хонандагон бо шартҳои озмун шинос карда шуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин озмун 17 нафар хонандагон аз рӯйи ду шарт - муаррифии мавзӯи таърихӣ аз китоби дарсӣ ва блитс-пурсиш аз мавзуъҳои мухталифи таърихӣ бо ҳам сабқат намуданд.

Сатҳи дониши хонандагон оид ба таърих натиҷагирӣ шуда, беҳтаринҳо бо ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ