​Беҳтарин донанандаи мақолаи Абдулло Раҳнамо

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таҳкими саводи сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён силсилаи ташаббусҳои судманд ба роҳ монда мешавад.

Дар доираи ин тадбирҳо дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мулоқот, хониши сиёсӣ ва озмунҳо низ идома дорад.

Аз ҷумла, дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҷиҳати омӯзиши мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» миёни донишҷӯён озмун ба роҳ монда шуд.

Дар озмун беш аз60 нафар донишљўён ширкат намуда, 10 нафар беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Чунин ташаббус дар факултети забонҳои шарқ низ роҳандозӣ гардид. Донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, перомуни моҳияти мақолаи мавриди назар андешаҳои худро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ