Баррасии омилҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар маҳфил

Бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиат таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм – вабои ҷомеа” маҳфил доир гардид.

Ин иқдом ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” роҳандозӣ шуд.

Декани факултет, дотсент Аминов доир ба ҳадафи ташкили маҳфил сухан карда, доир ба роҳҳои муосиру муфиди пешгирӣ аз терроризму экстремизм ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, ба амнияти сокинони тамоми сайёра таҳдид ба вуҷуд овардааст. Номбурда аз суханони Пешвои муаззами миллат иқтибос оварда зикр намуд, ки: "Террорист Ватан, дин ва мазҳаб надорад".

Дар идома намояндаи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил подполковник Турсунзода Нозимҷон суханронӣ намуда, доир ба пайомадҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон ҳарф зад.

Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. "Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад"- зикр шуд дар доираи маҳфил.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб фаъол бошанд. Бо табодули афкор миёни иштирокчиён маҳфил анҷом пазируфт. Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ