​Баррасии муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва расидагӣ кардан ба мушкилоти муроҷиаткунандагон ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом дар доираи рӯзи қабули шаҳрвандон як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ин навбат низ дар рӯзи қабул, ректори донишгоҳ ва ноибректорон мушкилот ва масъалаҳои муроҷиаткунандагонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шаҳрвандон ба ректори донишгоҳ перомуни масъалаҳои тамдиди муҳлати шартномаи меҳнатӣ, пардохти маблағи таҳсил, озод ва ё кам намудани маблағи таҳсил, истиқомат дар хобгоҳ, ба ҷои кор таъмин намудан, интиқолу барқарор ва ғайра муроҷиат намуданд.

Сарвари донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ба масъулини сохторҳои донишгоҳ супоришҳои мушаххас дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ