​Баррасии муаммоҳои муосири илми педагогика

Бо ибтикори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобољон Ғафуров» дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус вохӯрии олимони донишгоҳ бо доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи омўзгории шаҳри Омски Федератсияи Русия, профессор Петрусевич Аркадий Аркадевич баргузор гардид.

Мулоқотро профессор Шавқат Шаропов оғоз намуда, доир ба робита ва ҳамкориҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳо,табодули таҷрибаи якдигар ибрози назар намуданд.

Сипас, профессор Петрусевич Аркадий Аркадевич роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳи Омск, сохторҳои он, муаммоҳои муосири илми педагогика маълумот дода, устодону олимони донишгоҳро барои ҳамкории минбаъда даъват намуд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён доир ба фаъолияти минбаъдаи Шўрои муштаракидиссертатсионии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Донишкадаи омўзгории Панҷакент, кибо роҳбарии профессорПетрусевич Аркадий Аркадевич сурат мегирад, мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ