Баррасии масоили умдаи ҷомеа

Таҳти ин унвон бо иштироки донишҷӯёни соли сеюми факултети биология ва химия ҷамъомад сурат гирифт. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани саводи сиёсии донишҷӯён унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Мансурова ба роҳ монда шуда, дар доираи он сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Донишҷӯён перомуни мавзӯи мазкур андешаҳои худро иброз намуда, роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳуротро муҳокима намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ