​Баррасии масоили таҳкими саводи донишҷӯён

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо иштироки волидони донишҷӯён маҷлис доир шуд.

Дар доираи маҷлис масоили марбут ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ, таҳкими савияи дониши онҳо, пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонон ва риояи қоидаву тартиботи таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадаф аз ин ташаббус огоҳ намудани волидон аз сатҳи донишандӯзӣ ва рафтору кирдори донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ