​Барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Дар толори факултети санъати донишгоҳ бо иштироки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” барномаи консертӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ аз раёсати донишгоҳ муовинони ректор – Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ва Усмонзода Аюбҷон ширкат намуданд.

Дар доираи ин барнома аз ҷониби донишҷӯёни факултет, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” маҳсуб меёбанд, сурудҳои дилнишин ва таронаҳои шуниданиву ҷаззоб манзур гардид, ки аз маҳорату истеъдоди ҷавонон дарак медод.

Дар маҷмуъ, иштирокчиёни озмун бо суруду оҳангҳои гуногунмазмун ҳунарнамоӣ намуда, табъи аҳли нишастро болида сохтанд.

Хотиррасон менамоем, ки се сол инҷониб бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мешавад, ки дар он ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби ҷоиза ва мақоми ифтихорӣ мегарданд.

Имсол низ дар ин озмун Шоҳҷоиза ва як қатор мақоми ифтихорӣ насиби донишҷӯёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Дар фарҷоми барномаи консертӣ иштирокчиёни озмун ва устодони факултет, ки ҷиҳати тайёр намудани онҳо ба озмун заҳмат кашидаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии факултет қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ