​Баргузории шанбегӣ дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ

Бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷуёни чорабинии шанбегӣ гузаронида шуд.

Донишҷӯён асосан дохили майдончаҳои факултет, гирду атрофи онро аз ҳама гуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 50 нафар иштирок намуда, факултетро тозаву хуррам ва ба ободонии он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии донишҷуён ҳамчун нишонаи маданияти шаҳр, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи факултет ва сабзазоркунӣ амалӣ гардиданд. Иштироки донишҷӯён дар ин самт, ҳашарҳои дастаҷамъона замина мегузорад, то ки онҳо дар рӯҳияи ҳимояи муҳити зист, меҳнатдӯстӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷои кор ва кишвари худ тарбия ёбанд.

Ҷомеаи меҳнатии устодону донишчуён таҳти роҳбарии декани факултет профессор Аслиддин Пулотов иқдом гирифтаанд, ки минбаъд дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок карда, барои ободонии кишвар ва тозагии он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ