​Баргузории дарсҳо дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Таҷрибаомӯзони факултети санъати тасвирӣ ва технология дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд ба номи А.Фирдавсӣ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ фаро гирфта шуданд. Раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи роҳбарон ва мутахасссисони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ назорат карда шуда, ба донишҷӯён маслиҳатҳои саривақтӣ дода мешавад. Чунончи сармутахасиси шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ Абдулҳай Рӯзимуродов ва мудири кафедраи технология ва методикаи таълими он, дотсент Лутфулло Неъматов ба МТМУ №23-и ш.Хуҷанд ташриф оварда, аз раванди корҳои таҷрибаомӯзон шинос шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо таҷрибаомӯзон оид ба давомоти онҳо,тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо, ислоҳи хатогиҳои дар ҳуҷҷатҳо мавҷудбуда, тафтиши тайёрии донишҷӯён ба дарсҳо бо айёниятҳои зарурӣ, ташкил намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, кор бо роҳбарони синф ва синфҳои вобасташуда маслиҳатҳо дода шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри хубу босифат гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳама шароит муҳайё карда шудааст, хоҳишмандон метавонанд аз воситаи техникии муосири таълим ба дар раванди дарсҳо фаровон истифода намоянд.

Ҳамчунин тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси технологияи факултети мазкур низ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Хуҷанд ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Таҷрибаомӯзон аз рӯзи аввал бо тартибу низоми баргузории таҷрибаомӯзӣ, шакли кор маълумот гирифта, ба синфҳои таълимии 5-7 вобаста карда шуданд. Зимни таҷрибаомӯзӣ баргузории дарси технология бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монда шуда, камбудӣ ва норасоиҳои дарс ҳангоми дастурдиҳии методӣ –таълимӣ ва таҳлилӣ дарс ба таҷрибаомӯзон фаҳмонида шуда истодааст.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ