Баргузории чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи давлатии Ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд чорабинии идонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гашт.
Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сардори раёсати ҷавонони вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода вогузошт, ки номбурдагон иштирокдоронро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик карда, муваффақиятҳо таманно доштанд.
Дар идома, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, тазаккур дошт, ки қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегия, Консепсия ва барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм, стипендияҳои номии президентӣ ва “Дурахшандагон” барои донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон, Квотаҳои президентӣ барои донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, баргузории конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ, нашри маҳсули илмии олимони ҷавон ва амсоли ин аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд.
Ректори донишгоҳ аз дастоварди донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ бо ифтихормандӣ ҳарф зада, баён кард, ки соли ҷорӣ донишҷӯёни донишгоҳ ба гирифтани 3 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюмро дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиб шуда, байни донишгоҳҳои олии мамлакат яке аз ҷойҳои намоёнро касб намуданд. Номбурда илова намуд, ки мушарраф гардидани дастаи варзишгарони донишгоҳ ба ҷойи аввал аз рӯи 7 намуди варзишӣ бо гирифтани 41 медали тилло, 19 нуқра ва 23 биринҷӣ дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд, иштироки беш аз 50 донишҷӯ дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани 9 медали тилло, 22 нуқра ва 14 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи дастовардҳои варзишии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар фароварди сухан, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, хушиҳои ҷавонӣ, расидан ба ҳадафу ормонҳои наҷиб, рӯзгори босаодат, хониши хубу аъло ва дар корҳои илмиву эҷодиашон барору комёбӣ таманно намуд.
Дар чорабинии мазкур, як қатор устодону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Баъдан, аз ҷониби иштирокдорони фаъоли Фестивал–озмуни “Навои ҷавонӣ” барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил